Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Михаил Демиденко изҳор кард, ки Тоҷикистон аз узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо танҳо бурд хоҳад кард.

«Иқтисоди Тоҷикистон кушоду хурд буда, он ба тавозун дар ҷаҳон таъсиргузор буда наметавонад, - гфт вай. – Зимни ба узвият пазируфта шудан ба СУС меъёри боҷҳои воридотӣ ба ҳисоби миёна поин рафта, дар тиҷорати мутақобила монеаҳо кам мешаванд. Аз ин рӯ, кишварҳое чун Тоҷикистон аз узвият ба он танҳо бурд мекунанд, зеро аз имконоти зиёд бархӯрдор мешаванд».

Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид кард, ки иқтисод бояд ба рушди мунтазам ва рақобатпазиру муосир будан имкон дошта бошад. «Узвият ба СУС равзанаи имконот буда, истифодаи муфид аз он аллакай ба худи кишвар вобаста мебошад», - чунин мешуморад ӯ.

Демиденко ҳамчунин афзуд, ҷараёни узвият ба СУС раванду дуру дароз буда, анҷоми он аксаран мушаххас нест. «Аммо Тоҷикистон танҳо панҷ номгӯйи маҳсулот, аз ҷумла пахтаву алюминий содирот карда, аз ин рӯ, ин раванд набояд ба дарозо кашад, - иброз дошт коршинос. – Ғайр аз ин, тамоми шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон аллакай ба узвияти СУС пазируфта шудаанд».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манфиатдории Тоҷикистон ҷиҳати узвият ба Созмони ҷаҳони савдо ибрози андеша намуд. Моҳи июни соли 2001 дар робита ба мактуб-дархости ҷумҳурӣ Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии савдо ба кишвар мақоми нозирро дода, роҷеъ ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард.

Айни замон Тоҷикистон баҳри пазируфта шудан ба СУС дар самтҳои ба мутобиқат овардани санадҳои қонунгузории ҶТ ба меъёрҳои СУС, ҳифзи истеҳсолкунандаи ватанӣ ва ҳалли мушкилоти тиҷоратӣ бо кишварҳои узви созмон фаъолият дорад.