Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо президенти ширкати шведиву финландии «TeliaSonera» Ларс Нюрберг баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сохторҳои алоқаву телекоммуникасстионии Тоҷикистон бо ширкати мазкур, ки дар бозори ҷаҳонии алоқа ва Интернет ҷойгоҳи муносиб дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи омодасозӣ ва такмили касби мутахассисони тоҷик дар таълимгоҳҳои заминавии ширкати  «TeliaSonera» дар бахшҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Тоҷикистон ширкати «TeliaSonera» дар соҳаи алоқа ва пешниҳоди хизматгузории шабакаи Интернет фаъолият дошта, муассиси асосии ширкати алоқаи мобилии «Tcell» мебошад. Ларс Нюрберг ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати «Tcell» дар маркази Душанбе ташриф овард, ки субҳи дирӯз барпо шуд.

Бинои нави 12-ошёнаи ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳр қомат афрохтаааст. Сохтмони бинои мазкур наздики 2,5 сол идома ёфт. Бино аз идораҳои корӣ ва марказҳои пешниҳоди хизматгузорӣ иборат аст. Департаментҳои ширкат, ки қаблан дар идораҳои гуногун дар маркази шаҳр мустақар буданд, акнун дар бинои ягона мутамарказ мешаванд ва ин иқдом ба беҳбуди сифати кори ширкат мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки холдинги «TeliaSonera» ва Бунёди Оғо Хон муассисони ин ширкат мебошанд. «TeliaSonera» дар кишварҳои скандинавӣ, назди Балтика, Испания ва бозорҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи минтақаи Авруосиё бо шумули Русияву Туркия хизматгузориҳои телекоммуникатсиониро ба роҳ мондааст. Дар бозорҳои Авруосиё «TeliaSonera» дорои бастаҳои саҳмияҳои ширкатҳои муваффақи алоқаи мобилӣ дар Қазоқистон (Kcell), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва Непал (Ncell) мебошад.