Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз вазъи баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, чанде қабл муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров аз вазъи баъзе қитъаҳои вайроншудаи роҳи Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки онҳоро зудтар ислоҳ намоянд.
«Зимистони гузашта ба мо сабақҳои зиёд дод, аз ин рӯ, бояд тамоми муассисаҳову идораҳо бечунучаро ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии хуб дошта бошанд», - изҳор доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти раҳбарии ширкати Innovative Road Solution LTD (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди пулакии Душанбе-Чаноқ машғул аст, фаъолияти худро қаноатбахш арзёбӣ мекунад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати IRS, дар ҷаласаи чанде қабл дар ширкат доиргардида, зикр шудааст, ки корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 дар ҳамаи намояндагиҳои минтақавии филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ бомаром идома дошта, намояндагиҳои минтақавии Варзоб, Зарафшон ва Суғди филиал кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то тамоми корҳоро тибқи нақша дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонанд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста