Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мизи гирд ба кор оғоз намуд.

Дар он раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавии Русия Юрий Крупнов гузориши мустақили «План Крупного» (Тарҳи Бузург)-ро оид ба рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Баррасии вазъи кунунӣ ва муайян кардани дурнамои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия ва такони тоза бахшидан ба равандаҳои ҳамгиройӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукӣ аз ҷумла ҳадафҳои аслии мизи гирд унвон мешавад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Авруосиё» ва Донишкадаи иқтисод ва демографияи Академияи улуми ҶТ созмон дода шудааст.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, дар кори мизи гирд намояндагони маъмурияти президенти Русия, Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, вакилони Думаи давлатии Русия, палатаи поёнии парлумони ҶТ ва ҳамчунин коршиносону рӯзноманигорон ширкат меварзанд.

«Тӯли солҳои истиқлолият кишварҳои ИДМ таҷрибаи назарраси ҳамкории мутақобилаи байнидавлатиро ноил гардида, заминаи шоёни қарордодӣ-ҳуқуқӣ таҳия шуд, ки қариб тамоми мавқеъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро танзим мекунад, - гуфтанд дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Авруосиё. -  Мизи гирди мазкур ба тақвияти равандҳои ҳамгиройӣ миёни Тоҷикистону Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ мусоидат намуда, барои ҳамкории мутақобилан судманд замина фароҳам меоварад ва воситаи пурсамари расидан ба субот ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум хоҳад шуд».

Маврид ба ёдоварист, ки Иттиҳоди гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон аз моҳи июли соли 2010 мавриди амал қарор гирифта, узвияти Тоҷикистон ба он танҳо дар сурати узвияти Қирғизистон ба иттиҳод имконпазир аст, зеро яке аз талаботи узвият ба ин иттиҳод мавҷуд будани марзҳо бо яке аз кишварҳои узви ин иттиҳод мебошад.