Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо якбора ба се хатсайри нав – Деҳлӣ (Ҳиндустон), Исломобод (Покистон) ва Боку (Озарбойҷонро) мутаваққиф сохт. Ин хатсайрҳои нав соли равон ифтитоҳ шуда буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сабаби мутаваққиф сохтани павози ҳавопаймо ба ин самтҳо мавҷуд набудани мусофирони хоҳишманд ба парвоз ба ин кишварҳо будааст.

«Интизорӣ меравад, ки ҳафтаи оянда мо парвози ҳавопаймоҳо ба Деҳлиро барқарор мекунем, вале ҳоло маълум нест, ки ба ин самт ба чӣ миқдор билетҳо ба фурӯш рафтаанд. Алҳол дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ фурӯши билет ба самтҳои Исломободу Боку боздошта шуд», - гуфт манбаъ.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе низ манъи фурӯши билетҳо ба ин самтҳоро тасдиқ намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Хуҷанду Хоруғ дар дохили кишвар ва шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ аз қабили Бишкек, Алмаато, 8 шаҳри Русия, Теҳрон, Машҳад (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Шарҷа (АМА)-ро анҷом медиҳад.