Соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷми истихроҷ аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 125 ҳазор тонна ё худ 75% бештар мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар навбати аввал муассисаҳои бахши маорифу тандурустӣ ва ҳамчунин дигар соҳаҳои иҷтимоӣ бо ангишт таъмин карда мешаванд.

Миёни корхонаҳои бузурги саноатӣ ангишт асосан аз ҷониби Корхонаи алюминии Тоҷикистон (беш аз 10 ҳазор тонна), корхонаи истеҳсоли зарфҳои шишагии Қайроққум (8,3 ҳазор тонна) ва Корхонаи истеҳсоли сементи шахри Сарбанд (700 тонна) харидорӣ мешавад.

Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 1,7 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд. Феълан дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши ангишт 34 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми бештари ангишт дар конҳои Фон-Яғноб, Вуромун, Шӯроб, Зиддӣ, Сайёд ва Шӯробод истихроҷ мегардад.