Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуд .

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро инчунин намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия муаррифӣ намуданд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена И. Насреддинов ҳамчунин дар ҷаласа ширкат варзид.

 Ҳайати Австрияро мудири кулли Раёсати муносибатҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федеративии иқтисод, оила ва ҷавонон Франс Вессиг роҳбарӣ намуд. Ба ҳайати Австрия ҳамчунин намояндагони вазорату муассисаҳои ин кишвар шомил шуда буданд. Инчунин дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои австрягие, ки дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва сохтмон фаъолият доранд, ҳузур доштанд.

 Ба рӯзномаи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштарак масълаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, тандурустӣ, туризм, стандартизатсия, бехатарии ҳуҷҷатҳо ва ҳукумати электронӣ, инчунин масоили муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ворид шуда буданд.

 Зимни ҷаласа роҳбарон ва аъзоёни ҳайатҳои Тоҷикистону Австрия оид ба масъалаҳои зикршуда мубодилаи афкор намуданд.

 Дар анҷоми кор протоколи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ба имзо расонида шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия каме бештар аз 2,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23% камтар мебошад. Ин ҳаҷм пурра ба воридоти маҳсулот аз Австрия рост меояд.