То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 194 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 48%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар дод, айни замон дар вилояти Хатлон ҳудуди 112 ҳазор тонна, вилояти Суғд – зиёда аз 72 ҳазор тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ – ҳудуди 10 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон бинобар сабаби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта ба муддати як моҳ дер афтод. Соли гузашта кишоварзони тоҷик аз иҷрои нақша аллакай 16-уми октябр мужда дода буданд.

Соли ҷорӣ дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд. Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд.