Бонки осиёгии рушд (БОР) пешгӯии худ оид ба рушди Тоҷикистон дар соли 2012-ро бинобар сабаби аз интизорӣ зиёдтар афзудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бозбинӣ намуд.

Дар нашрияи иқтисодии «Гузориши рушди Осиё-2012» БОР пешгӯии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро аз 5,5%-и пешбинишуда дар моҳи апрел то 6,5% боло бурд.

«Ба иллати ҳаҷми бузурги воситаҳои пулӣ бахши хизматгузорӣ муҳаррики асосии афзоиш боқӣ монда, дар нимсолаи аввали соли равон он ба андозаи 19,6% зиёд шуд», - гуфта мешавад дар гузориши нашрия.

Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Асел Ченгишева, афзоиши саноат дар ин давра ба сурати умум 12,1%-ро ташкил дода, дар саноати кӯҳкориву коркард он мутаносибан ба 18% ва 12,7% ва дар бахши кишоварзӣ ба 10,1% баробар шудааст.

Сатҳи миёнаи таваррум аз 12,5%-и соли 2011 дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,6%-ро ташкил додааст. Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2012 сатҳи таваррум 7,5% ва соли 2013 – 8,5%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар идомаи гузориш гуфта мешавад, дар зарфи 6 моҳи соли равон асосан ба иллати коҳиши ҳаҷми содироти пахта ва алюминий ҳаҷми содирот 2,5% кам гардида, ҳаҷми воридот дар ин давра 15,1% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд соли 1998 пазируфта шуд. Аз он замон БОР дар шакли қарзҳои хурд, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон беш аз 966 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд.