Соли равон як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмони Тоҷикистон содироту фурӯши масолеҳи худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 44,5 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазору 750 доллари ИМА содирот шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра корхонаҳои кишвар 36,1 тонна рангҳои ҳархела ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА, 76,8 тонна андоваи минералӣ (шпатлевка) ба маблағи 43,3 ҳазор доллари ИМА ва 4,9 тонна таҳранг (грунтовка) низ ба Қирғизистону Афғонистон содирот карданд.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мебошад.

Маҳсулоти асосие, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, алюминии аввалия ва нахи пахта аст. Дар нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 140 ҳазор тонна алюминии авввалия ва қариб 65 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст. Ҳамчунин маҳсулоти рустанӣ, маҳсулоти минералӣ , дӯзандагӣ, фулузоти арзон ва ғайра низ содирот мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавсими гармо ба кишвари ҳамсояи Афғнистон дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ низ интиқол дода мешавад.