Ноиби президенти Бонки осиёгии рушд (БОР) Шиаою Жао имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, Шиаою Жао имрӯз бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии барномаи ҷории бонк ва тасдиқи идомаи мусоидат ба расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Ин сафари чоруми ноиби президенти БОР ба Тоҷикистон аст. Фаъолияти худро дар БОР Шиаою Жао моҳи сентябри соли 2008 шурӯъ намуд. Айни замон ӯ ба фаъолияти Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ва Департаменти Осиёи Ҷанубӣ ҷавобгӯ аст.

Соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 966 млн. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмак техникӣ ҷудо кардааст.