Мувофиқи Ёддошти тафоҳуми дар Душанбе баимзорасида, аз Русия ба Тоҷикистон 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, созишнома дар ин бора дар сатҳи ҳукумат то моҳи ноябр ба имзо мерасад.

«Ба ин созишнома тавозуни индикативии маводи сӯзишворӣ илова мегардад. Дар хусуси аз Русия дар давоми сол ба Тоҷикистон ворид гардидани 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ ҷойи шубҳа нест», - гуфтанд дар вазорат.

Сарфи назар аз мушаххас будани ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки ба Тоҷикистон соли 2013 оварда мешавад, ҳоло муайян нашудааст, ки кадом қисматеро аз ин бензин ва кадом қисматеро маводи сӯзишвории дигар ташкил хоҳад дод ва ин масъала ҳафтаи оянда ҳал хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон воридкунандагони асосии маҳсулоти нафтии Русия мебошанд. Ҳангоме ки соли 2010 Русия барои кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукӣ нестанд, боҷи гумрукии содиротӣ барои маҳсулоти нафтӣ ҷорӣ намуд, маҳз Тоҷикистону Қирғизистон ба мушкилоти зиёде дучор шуданд.

Муддати камтар аз як сол Қирғизистон ин масъаларо муваффақона бо Русия ҳал намуда, гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар ин хусус муддати ду соли ахир ба пешравие ноил нагардида буданд. Тадриҷан ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон аз 95% то 62%-и имрӯза коҳиш ёфт.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ин масъаларо чунин шарҳ доданд, ки пас аз боло рафтани қимати бензин аксари воситаҳои нақлиёт ба истифодаи гази моеъ гузаштанд, ки аз бензин хеле арзонтар буда, асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 245,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,6 ҳазор тонна камтар мебошад. Воридоти бензин 109,4 ҳазор тонна ё худ 4,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 44 ҳазор тонна камтар аст.

Феълан 62,7%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад ва аз соли гузашта ҳиссаи ин кишвар дар воридот ба андозаи беш аз 20% кам шуд. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи Туркманистон дар воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон афзуда, аз 11%-и соли гузашта то 19,8% боло рафт. Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Белорус низ маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Тайи чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон қимати бензин чандин маротиба тағйир ёфт. Аввали тобистон нархи миёнаи 1 литр бензин 6,40 сомонӣ ва имрӯз бошад, 6,60 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар сурати бекор шудани боҷи содиротӣ, қимати бензин дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30-40% поин меравад.