Зимни мулоқот бо журналистон роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Ҷонатан Данн изҳор кард, ки Тоҷикистону ХБА ба гуфтушунид оид ба роҳандозии барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ идома мебахшанд.

«Мо ба пешравии қобили таваҷҷуҳ дар ин самт ноил гардида, оид ба идомаи пешниҳоди машваратҳоиХБА зимни амалисозии барнома мувофиқа ҳосил шуд, вале мо иловатан бояд боз баъзе паҳлӯҳои масъаларо баррасӣ созем», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки «дигар дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонад».

Аввали моҳи равон зимни боздид аз Душанбе директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад изҳор карда буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости баррасии имкони қабули барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ ба Хазинаи байнулмилалии асъор муроҷиат намудааст.

«Умедворам, ки моҳҳои наздик дар бораи қабули барномаи нави сесола оид ба дастгирии Тоҷикистон ба мувофиқа хоҳем расид, ки идомаи барномаи пешини муваффақона амалишуда хоҳад гардид», - гуфт вай.

Ӯ зикр кард, ки ХБА ният дорад, ки Тоҷикистонро ҳам дар идомаи расонидани кӯмаки техникӣ ва ҳам тавассути пешниҳоди захираҳои молиявӣ дастгирӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи намояндагони ХБА дар як вақт масоили самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияро низ баррасӣ кард. Сафари дуҳафтаинаи гурӯҳи намояндагони ХБА ба Тоҷикистон 1-уми ноябр оғоз гардид. Айни замон ҷонибҳо имкони роҳандозии барномаи нави сесолаи дастгирии Тоҷикистонро баррасӣ доранд. Интизорӣ меравад, ки ин барнома моҳҳои наздик таҳия ва қабул хоҳад шуд.

Муҳлати амали барномаи қаблии сесола таҳти унвони «Механизми васеи қарздиҳӣ» моҳи июли соли равон ба итмом расида, дар чаҳорчӯби он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. $ қарзи имтиёзнок пешниҳод гардид.

Бино ба пешгӯии ХБА, рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон 6,8% ва соли оянда – 6%-ро ташкил хоҳад дод. Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ ба 6% ва соли 2013 ба 8,1% баробар хоҳад буд.