Зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе роҳбари шуъбаи муосидат ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, мушовири аввали сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор кард, ки соли оянда Лаҳистон барои ҷудо кардани бурсҳои хурд ба Тоҷикистон афзалият медиҳад.

Ба қавли вай, соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Лаҳистону Тоҷикистон ҳамагӣ 8,83 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи 70% коҳиш ёфтааст, ки боиси нигаронӣ буда, яке аз сабабҳои он оғози фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва ҷорисозии боҷи содиротӣ аст, зеро маҳсулоти Лаҳистон тавассути Русия ба Тоҷикистон интиқол мегардид.

«Бурсҳои хурд ба ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна дар манотиқи Тоҷикистон равона гардида, Лаҳистон дар лоиҳаи «Таҳкими бахшҳои парвариши сабзавоту мева дар Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» фаъолона ширкат дорад ва баҳри амалисозии он дар ҳаҷми 1,2 млн. евро маблағ ҷудо шуд», - гуфт ӯ.

Сафир иброз дошт, ки тоҷирони лаҳистонӣ ба бахшҳои энергетика, дӯзандагиву бофандагӣ, чорводорӣ, кашф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак бештар таваҷҷуҳ доранд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Лаҳистону Тоҷикистон 6,96 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21% зиёдтар аст. Имрӯз беш аз 50 ширкатҳои лаҳистонӣ ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҷустуҷӯи шарикон баҳри роҳандозии фаъолияти муштарак мебошанд.