Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо сардори бахши лоиҳакашии ширкати «Тойота Тсушо» (Toyota Tsusho) Наоҳико Сейке ва менеҷери ширкат Масашиге Нишӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкории тиҷоратӣ, аз қабили хариду фурӯш ва таъмири автомобилҳо ва масъалаи кушодани маркази махсуси фурӯш ва таъмири автомобилҳои ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз музокироти қариб дусола ширкати «Тойота Тсушо» тасмим гирифтааст, ки маркази махсуси фурӯш ва таъмири автомобилро дар ҷумҳурӣ таъсис диҳад. Маросими ифтитоҳи маркази мазкур дар Душанбе моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст.
Узви Toyota Group – ширкати Toyota Tsusho яке аз ширкатҳои бузурги тиҷоратии Ҷопон маҳсуб меёбад. Ширкат дар бахши тиҷорати автомобил фаъолият дошта, ҳамчунин лоиҳаҳо оид ба технологияи олӣ, истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро амалӣ менамояд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста