Вазири энергетика ва саноати Тоикистон Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати «China Global new Technology imp. & exp»-и Чин Ҷан Ҷи Юэн гуфтушунид анҷом дод. Ширкати мазкур сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин» мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар мулоқот масоили афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, идомаи сохтмони хатти дуюми технологӣ ва то 2 млн. тн расондани иқтидори солонаи фабрикаи ғанисозии маъдан ва сохтмони коргоҳи металлургӣ дар шаҳраки Истиқлол баррасӣ шуданд.

Гул Шералӣ зарурати суръатбахшии корҳои геологӣ-иктишофӣ дар кони «Зарнисор»-ро таъкид намуда, ҷонибҳо оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати амалисозии масоили баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи «Зарнисор» соли 2007 дар заминаиҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфта, моҳи декабри ҳамин сол сохтмони фабрикаи ғанисозии маъдан оғоз гардид. Айни замон иқтидори ин фабрика ба истеҳсоли 1 млн. тонна маъдан дар як сол баробар аст.

Соли гузашта дар корхонаи мазкур ба маблағи 320,9 млн. сомонӣ 23,4 ҳазор тонна хокаи сурб ва 37,3 ҳазор тонна хокаи руҳ истеҳсол шудааст.