Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мушклоти марбут ба таҳивили маҳсулоти Туркияв Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон пурра ҳаллу фасл шуданд.

Ӯ хотирррасон намуд, ки аз 1-уми январ Ӯзбекистон транзити маҳсулот бо автомобил тавассути қаламраваш аз Туркияву Эрон ба Тоҷикистонро манъ кард.

Н.Ҳакимов тавзеҳ дод, ки муҳлати созишнома миёни Ӯзбекистон ва Туркияву Эрон дар ин бора ба анҷом расида, бо ҳамин сабаб ҳукуматдорони Ӯзбекистн ба транзити маҳсулот аз ин кишварҳо иҷоза надода буданд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ин мушкилот ба ширкатҳои боррасони Тоҷикистон дахл надорад, зеро созишномаи дахлдор дар ин бора миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол амал мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳакимов муътақид аст, ки манъи транзити автомобилии гази моеъ аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон тавассути қаламрави ин кишвар ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон бетаъсир хоҳад буд, зеро 90%-и гази моеъ тариқи роҳи оҳан ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад.