Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки «имсол лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст».

Ба қавли вай, нақша ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат тасдиқ нагардида, таҷдиди сохтори ширкат бояд соли равон оғоз ва соли 2015 аба анҷом расад. Марҳилаи охири таҷдиди сохтори ширкат табдили Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода бо 100%-и саҳми давлат аст.

Саидов тавзеҳ дод, ки дар доираи ин тарҳ зерсохторҳои дуюмдараҷаю ғайриистеҳсолии ТАЛКО мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, дар заминаи онҳо корхонаҳои алоҳида бунёд мегарданд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ мақсад аз ин иқдомро беҳтар кардани вазъи молии ТАЛКО унвон кард. Ӯ дар мавриди дурнамои хусусӣ шудани ин корхона илова намуд, ки то ҳол ҳукумат дар ин бора қароре содир накардааст. ТАЛКО – калонтарин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон буда, алюминии аввалияро тавлид ва содир мекунад.