Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 2% коҳиш ёфта, 272,5 ҳазор тонна ё худ 97,9%-и нақшаро ташкил дод.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки коҳиши ҳаҷми истеҳсоли ин металл ба мушкилоти таъмини корхона бо сӯзишворӣ – гази табиӣ марбут аст.

«Вақте интиқоли газро босуръат коҳиш доданд, ТАЛКО ба истифодаи дигар навъи сӯзишворӣ гузашт ва ҳамаи ин ба истеҳсолот бетаъсир буда наметавонист. Айни замон дар ин корхона чор оташдон мавриди амал қарор дошта, боз оташдонҳоро ба кор дароварданианд ва фикр мекунам, ки имсол ҳаҷми истеҳсолро коҳиш нахоҳанд дод», - зикр кард ӯ, вале аз нақшаи истеҳсоли алюминий дар соли 2013 муушаххасан чизе нагуфт.

Вазир иброз дошт, ки дар таркиби содироти маҳсулот ҳиссаи алюминий аз 54,6%-и соли 2011 то ба 39,5% дар соли 2012 поин рафта, ин ба болоравии назарраси ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар содирот нисбат дода шуд.

Дар робита ба таҷдиди сохтори Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод изҳор кард, ки тақсимшавии ширкат марҳила ба марҳила сурат гирифта, ин ҷо сухан сари тақсимоти истеҳсолоти ғайрисоҳавӣ меравад.

«Сохторҳои ҷудошудаи ширкати ТАЛКО бояд ба худкифоӣ ва худистеҳсолкунӣ гузаранд. Ҳадаф аз таҷдиди сохтори ширкат – муайян кардани самтҳои осебпазир аст, ки ширкатро аз рушд бозмедоранд», - иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, Раҳимзода ба таҷдиди сохтори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баҳои мусбат дода, иқрор шуд, ки ба худи ширкати ҳавопаймоӣ қарзҳои зиёд боқӣ монда, айни замон вазъаш он қадр қаноатбахш нест.