Дар ноҳияи Вахш ва маркази тиҷоратии «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон боз ду маркази нави хизматрасонии «Бонки Эсхата» ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар бонки мазкур бар ин назаранд, ки рӯз то рӯз талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ афзун мешавад ва ифтитоҳи марказҳои нав аз як тараф мутахассисонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад, аз тарафи дигар ба рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди минтақа мусоидат менамояд.

«Барои рушди тиҷорат ва афзоиши ҳаҷми сармояи муомилотӣ воситаҳои иловагӣ заруранд ва дар ин робита, қарзҳои бонкӣ ба ҳалли мушкилоти соҳибкорон кӯмак мерасонанд», - зир мегардад дар иттилои бонк.

Гуфта мешавад, биноҳои нави марказҳои хизматрасонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои мизоҷон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 25 маркази хизматрасонии «Бонки Эсхата» фаъолият доранд, ки 9-тои он дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бунёд шудаанд.