Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи дафтари кории ширкати Tcell дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар қисмати чапи маркази тиҷоратии TAJCITY ширкат варзид.

Дар иттилоияи интишоршуда ширкати Tcell зикр мегардад, ки пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи бинои 6-ошёнаи маркази тиҷоратии TAJCITY, президент ва нафарони ҳамроҳи ӯ бо иншооти дигари дохили марказ, аз ҷумла фаъолияти дафтари нави кории ширкати Tcell аз наздик ошно гардиданд.

Мудири кулли ширкат Мансур Ҳамидов ба президент ва меҳмонони ҳамроҳи ӯ дар бораи хизматгузориҳои хушсифати телекоммуникатсионии ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонии ширкат, сармоягузориҳо баҳри рушди бахши телекоммуникатсияи мобилӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки дафтари кории мазкури ширкат барои пешниҳоди хизматгузориҳо ба мизоҷон пешбинӣ гардида, ҳамчунин якчанд нафар мутахассисони ҷавонро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунад.