Чанде қабл маросими ботантанаи мавриди истифода қарор гирифтани бинои дуошёнаи филиали ширкати Tcell дар Кӯлоб баргузор гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои худи ширкат қомат афрохт.

Ба маросим сокинони зиёди шаҳр, аз ҷумла муштариёни огоҳгардида дар бораи чорабинӣ тавассути смс ҷамъ омаданд. Мири шаҳр Абдуғаффор Раҳмонов ва директори генералии Tcell Мансур Ҳамидов лентаи анъанавиро бурида, ба фаъолияти филиали ширкат ҳусни оғоз бахшиданд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Кӯлоб, «ба ҷуз бинои зебо, бо оғози фаъолияти ширкат ҷойҳои нави корӣ дар шаҳр фароҳам оварда шуданд».

Чорабинӣ бо баргузории ифтор аз номи ширкат барои рӯзадорон ба анҷом расид. Дарҳол пас аз таҷлили иди Рамазон ширкат пурра ба фаъолият шурӯънамуда, феълан 3 нуқтаи ширкат дар шаҳр амал мекунанд. Бино ба маълумоти кормандони ширкат, имрӯз шумори муштариёни Tcell дар вилояти Хатлон 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.