Ширкати ҳавопаймоии  East Air бо натиҷагирӣ аз озмуни моҳи июл эълоншуда 26 нафар духтаронро ба сифати роҳбаладон (стюардессаҳо) интихоб намуд.

Бино ба маълумоти ширкати ҳавопамоии мазкур, ба озмун дар маҷмӯъ 100 ариза аз хоҳишмандон пешниҳод гардида, зимни интихоб на танҳо симои зебои зоҳирӣ, балки сатҳи рушди зеҳнии номзад, вазъи хуби ҷисмонӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти хуби рафтору муносибат бо одамон ва дигар малакаҳо ба инобат гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ширкати  East Air боз намудани якчанд хатсайрҳои нави ҳавоиро дар нақша дорад ва гурӯҳи нави роҳбаладон баъди аз давраи омӯзишӣ гузаштан, ба кори мустақилона дар ин хатсайрҳо шурӯъ мекунанд. Пас аз қабули гурӯҳи нав айни замон хадамоти роҳбаладони ширкат аз 48 нафар иборат аст.

Ширкати ҳавопаймоии  East Air аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Феълан ширкат парвозҳо аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбурги Русияро анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои ғарби Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.