Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки баҳси судӣ миёни Кумита ва оператори алоқаи мобилии «Вавилон-Мобайл» ба нафъи Кумитаи андоз ҳаллу фасл шудааст.

«Мо аз рӯйи ин парванда ҳалномаи судро дар даст дорем ва бояд онро ба иҷро расонем», - иброз дошт Давлатзода.

Тибқи ҳалномаи суд, ширкат ба буҷет бояд ҳудуди 350 млн. сомонӣ маблағ пардохт кунад ва интизор меравад, ки ин маблағ аз ҷониби ширкат давра ба давра пардохт хоҳад шуд.

Давлатзода зикр кард, ки ба 75%-и саҳмияҳои «Вавилон-Мобайл» ширкати «Хайтроник» молик аст, ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои бритониёии Вирҷиния сабти ном гардида, асли баромадаш аз Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки баҳси судӣ миёни Кумита ва ду ширкати дигари операторони алоқаи мобилӣ – «Билайн» ва «Мегафон» қисман ба нафъи ширкатҳо ҳал шудааст.