Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ду соҳае мавҷуд аст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат таъсири манфии COVID-19 сабуктар карда метавонанд.
“Ин рушди иқтисоди бахши кишоварзӣ (ба воситаи рушди тамоми зинаи истеҳсолу фурӯш аз кишоварзӣ то саноати хӯрокворӣ) ва амалисозии тадбирҳое, ки ба таъмини дигаргунсозии рақамии иқтисод равона шудаанд”, - гуфт Ян-Петер Олтерс рӯзи 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ.
Ба ақидаи ӯ, рушди ин соҳаҳо дар дурнамои миёнамуҳлат ба барқарорсозии босуръат, устувор ва ҳамаҷониба заминаи мустаҳқамро таъмин мекунад.
“Барои роҳандозии чунин тадбирҳо ба сифати вокуниш ба буҳрон Тоҷикистон мисли пешин бояд ба омодагӣ ва баргузории ислоҳоте, ки ба бартараф сохтани монеъаҳо дар роҳи рушди бахши хусусӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зҳир намояд”, - иброз дошт намояндаи Бонки ҷаҳонӣ.
Номбурда таъкид дошт, ки дар ин самт ислоҳот дар соҳаи андоз муҳимтарин ва бештар имконпазиртар талош дониста мешавад.
“Агар ба ин талошҳо таҷдиду навсозӣ дар бахшҳои мушаххаси иқтисод илова шавад, пас онҳо суръати навгониҳои соҳавиро таъмин карда, ба афзоиш такон мебахшанд ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам меоранд”, - илова кардааст Ян-Петер Олтерс.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста