Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бар ин назаранд, ки узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои иқтисоди ҷумҳурӣ самараи мусбат хоҳад дошт.
“Афзалиятҳои асосии Тоҷикистон аз узвияти имконпазир ба ИИАО аз рӯйи се самт сурат мегиранд: истифодаи афзалиятҳои бозори умумии кор, истифодаи бештар пурсамари имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ”, - қайд мешавад дар гузориши БАОР таҳти унвони “Самараҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ИИАО”, ки рӯзи 23 ноябр нашр шуд.
Афзоиши иқтисод
Тибқи ҳисобу китоби муаллифони гузориш, афзоиши суръати солонаи иқтисоди Тоҷикистон аз узвият ба ИИАО то 3 банди фоизиро ташкил дода метавонад.
Онҳо қайд мекунанд, ки сатҳи баланди ҳамгироии тиҷоратӣ бо давлатҳои ИИАО яке аз заминаҳои асосии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод мебошад.
“Соли 2019 индекси савдои мутақобила бо Тоҷикистон 39%-ро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаи бисёре аз аъзои амалкунандаи Иттиҳод зиёдтар аст”, - қайд мешавад дар гузориш.
Дар мисоли таҷрибаи Арманистон муаллифони гузориш тахмин мекунанд, ки иқдоми мазкур ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти комплекси агросаноатӣ ва саноати сабук имкон фароҳам меорад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ
Яке аз афзалиятҳои муҳимтарин дар узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро муаллифони гузориш дар иштироки кишвар дар бозори ягонаи кор мебинанд.
Гуфта мешавад, намунаи барҷастаи самаранокии бозори ягонаи авруосиёии кор Қирғизистон мебошад, ки аз узвияташ ба ИИАО аз соли 2015 то ин дам ба афзоиши шумори муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёдшавии ҳаҷми интиқоли пул муваффақ гардид.
Онҳо пешгӯйӣ мекунанд, ки дар сурати ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳод, натанҳо афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ, балки болоравии музди меҳнати муҳоҷиронро низ ба ҳисоби миёна ба андозаи 10-30% метавон интизорӣ дошт.
“Ҳамаи ин тағйирот дар муддати 5 сол пас аз узвият ба Иттиҳод интиқоли иловагии пулро ба кишвар дар ҳаҷми 1,3-1,5 млрд доллар таъмин карда метавонад”, - чунин мешуморанд коршиносони БАОР.
Ба ақидаи онҳо, узвияти Тоҷикистон ба ИИАО дар дурнамои миёнамуҳлат ба осоншавии қоидаҳои пешбурди тиҷорат ва фароҳам омадани шароити мусоид дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармоягузориҳои мустақим мусоидат мекунанд.
Бохтҳо
Дар баробари афзалиятҳо, муаллифони гузориш инчунин бохтҳоро аз узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ИИАО, ки хусусияти кӯтоҳмуҳлат доранд, низ қайд кардаанд.
“Бохтҳои имконпазир ба коҳиши гардиши савдо бо кишварҳои сеюм, хатарҳои аз даст додани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба рушди иқтисод ва душвориҳо дар ҷараёни мутобиқшавии заминаи миллии ҳуқуқӣ ба талаботи Иттиҳод вобаста буда метавонанд”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Ҷараёни баррасии масъала
Ҳукумати Тоҷикистон муддати 6 сол инҷониб аз замони таъсисёбии ИИАО мувофиқи мақсад будани узвият ба ин Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
Ин масъала аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ омӯхта шуда, соли 2016 хулосаҳои гурӯҳ ба баррасии ҳукумат пешниҳод шуд.
Шитоб надоштани Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои расмӣ чунин маънидод мешавад, ки бурду бохтҳои узвият ба Иттиҳод ва ҳамгиройӣ дар доираи онро дар мисоли ду кишвари ба он ҳамроҳшуда - Арманистон ва бахусус Қирғизистон арзёбӣ кардан зарур аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста