Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома гирифтанд.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, иҷозатнома ба онҳо аз 26 март ба муҳлати 3 сол дода шудааст.
Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание”-ро дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабт намояд.
Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда шуда, намудҳои зеринро дар бар мегирад:
- мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);
- хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;
- нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор;
- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии асъор.
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз солҳои 20-уми асри гузашта ба фаъолият оғоз намуда, яке аз воҳидҳои корхонаи маъруфи “Аэрофлот”-и Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) маҳсуб меёфт. Тайи солҳои ахир ширкат дар вазъи душвори молиявӣ қарор дорад.
ҶДММ “Созидание” молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва маркази тиҷоратии боҳашамати “Созидание” дар пойтахт мебошад.
Иншооти мазкур дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати муттаҳидаи «Русский алюминий» («Русал») сохта шудааст.
Лекин аз рӯйи натиҷаҳои баҳсҳои молиявии судии чандинсола байни “Русал” ва “Ширкати алюминии тоҷик” соли 2017 ин иншоот ба ихтиёри ширкати истеҳсолкунанаи алюминии Тоҷикистон гузашт. Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста