Ширкати “Apple” ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. То кунун ин нахустин ширкати хориҷист, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон андоз пардохт мекунад.
Ширкати амрикоии “Apple Distribution International Limited” беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Маркази матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, ки дар байни ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳамчун шахсони воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифта буданд, ин ширкат нахустин шуда, рӯзи 16 июли соли равон барои семоҳаҳои I ва II–и соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба буҷаи Тоҷикистон пардохт кард.
Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷапардохт намоянд.
То ҳол, 18 намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста