Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон, ки бар асари норасоии захираҳо ба камбуди шадиди барқ дучор шуд, оғоз намуд.

“Ҳозир дар Тоҷикистон неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ кофист, аз ин рӯ, ба мо пешниҳод карданд. Дар як шабонарӯз 1 млн кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунем. Нархашро намегӯям. Айни замон дар бораи тарзи пардохт гуфтушунид ҷараён дорад”, - хабар додааст рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмурзаев.

Бекмурзаев зикр кардааст, ки дар моҳи ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 30-50 млн кВт/соат ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда Қирғизистон ҳамчунин аз Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон низ неруи барқ дастрас намуда, барои интиқоли барқ аз Русия низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, бар асари сатҳи хеле пасти об дар обанбори асосии Қирғизистон – Тӯхтагул, дар ҷумҳурӣ маҳдудияти шадиди истифодаи барқ амал мекунад. Ҳатто дар пойтахт чароғҳои рӯшноидиҳандаи кӯчаҳо ва қаҳвахонаву мағоза, инчунин дигар иншоот хомӯш карда шуданд.

Нисбат ба Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки дар ин кишварҳо то 85%-и неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар Тоҷикистону Қирғизистон “ҳиссаи зиёд”-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Иқтидори умумии таъиншудаи низоми энергетикии Тоҷикистон ҳудуди 5,8 ҳазор МВт ва истеҳсоли солонаи барқ – наздики 20 млрд кВт/соат (54 млн дар як шабонарӯз)-ро ташкил дода, зиёда аз 90%-и барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори умумии таъиншудаи низоми энергетикии Қирғизистон ҳудуди 4 ҳазор МВт ва истеҳсоли солонаи барқ – зиёда аз 15 млрд кВт/соат ро ташкил дода, наздики 85%-и барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.