Ширкати “Суғдиёнгаз” дар вилояти Суғд чанд нуқтаи фурӯши гази табиӣ барои нақлиётро омода карда, мунтазир аст, ки ҳукумат иҷоза бидиҳад ва бо ҳамин дар пойин овардани нархи маводи сӯхт мусоидат кунанд.

Ин ширкат соли гузашта барои корхонаҳои саноатӣ дар Суғд гази табииро фароҳам кард ва акнун мехоҳад мақомот барои нақлиёт ҳам иҷоза диҳанд.

Мудири ширкати “Суғдиёнгаз” Аблулҳаким Сӯфиев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як нуқтаи фурӯши гази табиӣ дар шаҳри Хуҷанд ва чаҳор нуқтаи дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди азнавсозӣ омодаи кор шуд.

Ӯ гуфт, супориши ҳукумати Тоҷикистон аст, ки қаблан ба вазорату идораҳои марбута дода шуда буд, ки дар сурати боло рафтани нархи сӯзишворӣ бояд як роҳи алтернативӣ низ пайдо шавад. Ба эҳтимоли зиёд, дар рӯзҳои наздик ба фаъолияти нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ иҷоза медиҳанд. Баландтарин арзиши фурӯши як куб газ дар ин нуқтаҳо то 4 сомонӣ муайян шудааст,- мегӯяд раиси ширкат.

Абдулҳаким Сӯфиев, мудири "Суғдиёнгаз"

“Фикр мекунам дар рӯзҳои наздик ин ҳалли худро меёбад, зеро бубинед давлатҳои ҳамсоя Қирғизистону Ӯзбекистон дар ин вазъияти душвори иқтисодӣ пурра ба гази табиӣ гузаштанд. Натанҳо нақлиёти мусофиркашу боркаш, ҳатто тракторҳои бахши кишоварзӣ комилан бо гази табиӣ кор мекунанд. Мо комилан омодаем, танҳо мунтазири иҷозаи кор ҳастем”,- мегӯяд Сӯфиев.

То 10 соли пеш дар вилояти Суғд беш аз 60 нуқтаи фурӯши гази табиӣ фаъол буд. Аммо пас аз он ки воридоти он аз сӯйи Ӯзбекистон қатъ шуд, ин нуқтаҳо аз кор мондаанд. Ҳоло гуфта мешавад барои таъмири ин нуқтаҳо маблағҳои ҳангуфт зарур аст.

Абдулҳаким Сӯфиев мегӯяд, онҳо қудрати барқарор кардани ҳамаи онро надоранд. Аммо соҳибкорон аллакай барои барқарор кардан ва сохтани нуқтаҳои газпуркунӣ (АГНКС) ба ин ширкат муроҷит кардаанд.

“Агар мо хоҳем, ки мисли кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ин нуқтаҳоро замонавӣ бунёд кунем, тақрибан аз 500 ҳазор то 1 миллион доллар зарур аст. Мо ин қудратро албатта надорем, аммо соҳибкороне ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо онҳо метавонем беш аз 60 нуқтаи газтаъминкунии табииро аз нав барқарор кунем”, - мутмаин аст мудири ширкат.

Аммо дар оғози моҳи ноябр Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сару садоҳои бархоста барои иҷозаи дигарбораи гази табиӣ барои нақлиётро бепоя хонд. Ин ниҳод гуфта буд, ки дар воқеъ мутахассисони онҳо яке аз роҳҳои пойин овардани арзиши маводи сӯх, ин иҷоза додан ба гази табиӣ аст.

Аммо дар як посухи катбӣ аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки барқарор кардани таҷҳизоти лозим, ки то 10 сол пеш кор мекарданд, масрафи калон талаб мекунад. 

"Таҷҳизоти нуқтаҳои 10 сол пеш амалкунанда корношоям шуда, онро комилан иваз ва таҷҳизоти нав насб кардан лозим аст, ки ним миллион доллар нарх дорад. Ҳамчунин, лӯлаи интиқоли газро, ки нуқтаҳоро бо шоҳлӯла паваст мекард, низ иваз кардан зарур аст",-зикр мешуд дар посухи хадамот.

Дар бораи барқарор намудани кори чунин нуқтаҳо замоне сухан гуфтан бамаврид аст, ки агар соҳибкорони қодир ба хароҷоти он ба ин майлу хоҳиш пайдо кунанд. Алҳол чунин соҳибкорон нестанд, - омада буд дар посух.

Дар Тоҷикистон то соли 2012 дар баробари аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳам иҷоза доштанд, ки аз гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ истифоода кунанд. Дар пайи бад шудани равобити Ӯзбекистон бо кишвари мо, Тоҷикистон ба дунболи маводи сӯхти алтернативӣ рафт, ки ҳоло гази моеъ дар ин бахшҳо истифода мешавад ва истифодаи гази табиӣ манъ шудааст.

Мардум ҳам мунтзири гази табииянд

Ба вилояти Суғд як соли пеш, баъди танаффуси тӯлонӣ дигарбора гази табиӣ аз Ӯзбекистон ворид шуд. Воридкунандаи газ ширкати давлатии “Тоҷикгаз” аст, аммо ширкати “Суғдиёнгаз” масъулияти таъмиру барқарор кардани лӯлаҳои газӣ ва додани он ба корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва аҳолиро ба дӯш дорад.

Масъулини ин ширкат як соли пеш ва ҳоло низ мегӯяд, додани гази табиӣ аввал ба корхонаҳои саноатӣ, баъд ба нақлиёту мардум зина ба зина иҷро мешавад. Аммо сокинону ронандагон аз ин шеваи кори ширкат розӣ нестанд ва мегӯянд, вақте гази табиӣ ҳаст бигузор зудтар ба нақлиёту аҳолӣ ҳам диҳанд.

Раҷаббоқӣ Ҷумъаев

Раҷаббоқӣ Ҷумъаев, ронандаи таксӣ дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, гузаштан ба гази табиӣ аз чанд чиҳат назар ба навъҳои дигари сӯзишворӣ ба иқтисоди мардум фоидаовар аст. Ба гуфтаи вай, агар барои истифодаи гази табиӣ иҷозат диҳанду нархаш нисбатан арзонтар бошад, омодаанд, ки ба он рӯй оранд.

“Ҳоло бо 10 литр гази моъе, ки нархаш 7 сомонию 30 дирам аст 100 километр мегардем. Соли 2006 вақте, ки гази табиӣ буд 13 кубро 20-25 сомонӣ мехаридем қариб 300 километр мегаштем, ки бамаротиб арзон буд”,- муқоиса мекунад ин таксирон

Акмал Раҳимов, сокини Хуҷанд ҳам мегӯяд, дар фасли сармо барои онҳо гази табиӣ муфид ва камхарҷтар хоҳад буд ва мушкили барқрасониро низ то андозае аз миён мебарад.

Ҳоло 44 корхонаи саноатӣ  дар Суғд бо гази табӣ кор мекунад ва арзиши як мукааби он  2,05 сомонӣ муайян шудааст.

Ҳарчанд аҳолӣ ҳам мунтазири омадани газ ба хонаҳояшон ҳастанд, вале ба гуфтаи масъулини ширкати “Суғдиёнгаз” аксари мардум лӯлаҳои газраониро дар хонаҳояшон буридаанд, ки барои барқарор кардани онҳо тақрибан 10,5 миллион сомонӣ зарур аст.

Дар нишасти матбуотии ахир рӯзноманигорон аз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суол карда буданд, ки дар ҳоле нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло меравад, чаро нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ фаъол намешавад. Аммо раиси вилоят бо ишора ба сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят посух дод, ки мо инро меомӯзем:

“Аз ҳисоби ин ки таркиш зиёд шуд ва гази табиӣ каме хавфнок буд, истифодаи он муваққатан боздошта буданд. Пешниҳодро мо дида мебароем, ҳисобу китоб кардан даркор. Пеш аз ҳама масъалаи бехатарии мардумро, ки агар иҷоза ҳам дарёфт кунем, онро чи гуна  истифода мебарем”,-гуфт Аҳмадзода.


Мутахассисон мегӯянд, агар масъалаи бехатарии истифодаи гази табиӣ ба таври ҷиддӣ зери назорат гирифта шавад, ҷойи баҳси зиёд надорад. Зеро ба назари онҳо ҳама намуди сӯзишворӣ хатар дорад.

Дар вилояти Суғд беш аз 850 километр лӯлаҳои гази гуногун  мавҷуд аст.  Ширкати “Суғдиёнгаз” мегӯяд, бо харҷи ҳудуди 3 миллион сомонӣ 80-90 километр лӯлаҳои газро баъди таъмиру навсозӣ, комилан барқарор карданд. Ва тибқи як шартномаи нав бо ширкати “ГАЗ МЕТЕР”-и Ӯзбекистон барои ворид кардани як миллион ҳусобкунакҳои газӣ ба созиш расидаанд.

Дар вилояти Суғд шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба лӯлаҳои гази табиӣ пайваст мебошад ва ҳоло ҳам корҳои барқарорсозии лӯлаҳо идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.