Вазорати энергетикаи ин кишвар доир ба чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ бе боҷ гирифтани Тоҷикистон хабар дод.
Русия соли оянда ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷ 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ медиҳад.
Аз ҷумла Тоҷикистон ба таври имтиёзнок 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзившории диделӣ (солярка), 40 ҳазор тонна сӯзившвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тоннна мазут, 40 ҳазор тонна битму, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна газми моеъ гирифта метавонад.
Тоҷикистон аз соли 2013 сӯзишвории зикршударо аз Русия метавонад бо тартиби имтиёзнок дастрас кунад.
Мувофиқи созишномаи имзошуда байни кишварҳо, ҷонибҳо ҳамасола ҳаҷми содиротро барои соли оянда мувофиқа мекунанд.
Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 360 млн доллар ҳудуди 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.
Ҳаҷми воридоти ин маҳсулот аз рӯи вазн ба миқдори 2,4% ва аз лиҳози нарх - 42% зиёд шудааст.
Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар арзиши умумии воридоти ҷумҳурӣ дар давраи зикршуда 9,7%-ро ташкил медиҳад.
Тақрибан 90% маҳсулоти нафтиро ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон аз корхонаҳои Русия (Корхонаҳои коркарди нафти Омск ва Орск) дастрас мекунанд. Аз соли 2013 Русия аз интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боҷи содиротии гумрукӣ намеситонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста