Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ боз ба андозаи 1% коҳиш ёфт.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 20 июн 1 доллар 10,79 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 17 июн қимати он ба 10,90 сомонӣ баробар буд.

Қурби рубли Русия тайи ҳафтаи ахир қариб бетағйир боқӣ монда, имрӯз дар сатҳи 176,5 сомонӣ барои 1000 рубл қарор дорад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.

Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд аз ҷониби бонкҳои кишвар барои имрӯз аз 10 сомонӣ то 10,3 сомонӣ ва қурби фурӯш - 10,5-10,79 (1 доллар) сомонӣ муқаррар шудааст.

Қурби хариди рубли нақд аз ҷониби бонкҳо аз 168 сомонӣ то 177 сомонӣ (1000 рубл) муқаррар шуда, 1000 рубли Русия 178-180 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Қурби рубл нисбат ба доллар имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия ба мисли рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар сатҳи 56,71 рубл (1 доллар) муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.