Давоми моҳҳои январ-майи соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 0,7% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:

- қанд (шакар) – 9,61%;

- маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9%;

- сабзавот – 9,5%;

- шир – 8,8%;

- мева – 7,7%;

- моҳӣ – 5%.

Арзиши маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи зерин боло рафт:

- сӯзишвории дизелӣ – 8,4%;

- маводи шустушӯ – 8,2%;

- маҳсулоти доруворӣ – 8%.

Дар мавриди поин рафтани нархҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Агентии омор инро дар навбати аввал ба арзоншавии гази моеъ ба андозаи 14,1% нисбат медиҳанд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.