Болоравии босуръати нархи сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе идома дорад. Дар давоми шаш рӯзи аввали ҳамин моҳ арзиши 1 литри он қариб 6% - аз 12,8 сомонӣ дар рӯзи 1 июл то ба 13,5 сомонӣ дар имрӯз, 6 июл боло рафт.
Нархи 1 литри сӯзившории дизелӣ бо доллари амрикоӣ дар Душанбе имрӯз ба 1,3 доллар баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки нархи миёнаи он тайи 12 сол ( аз соли 2020) ҳамагӣ 0,85 сентро ташкил медод.
То ин дам дар зарфи ҳафтаи ахири моҳи июн ин сӯзишвории автомобилӣ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба андозаи 7% қимат шуд.
Дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар низ сӯзишвории дизелӣ каме гарон шуд - аз 13,4 то ба 13,5 сомонӣ.
Нархҳо ба дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомашинаҳо аз оғози моҳи июл қариб дар як сатҳ қарор доранд.
Арзиши 1 литр бензини “тамғаи мардумӣ”-и АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 10,6 сомонӣ, Хуҷанд - 10,9 сомонӣ ва Бохтар - 10,8 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳафтаи аввали моҳи июл нархҳо ба гази моеъ дар Душанбе (аз 6,10 то ба 6,20 сомонӣ) ва Бохтар (аз 6,20 то ба 6,30 сомонӣ) каме зиёд шуданд. Дар Хуҷанд 1 литр гази моеъ 6,10 сомонӣ нарх дорад.
Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, давоми моҳҳои январ-майи соли равон нархҳои чакана ба сӯзишвории дизелӣ дар ҷумҳурӣ 8,4% боло рафта, арзиши бензин ва гази моеъ баръакс, ба андозаи 1,8% ва 16,1% поин рафтаанд.
Сабаби болоравии ин навъи сӯзишвориро дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба афзоиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ ва мутаносибан гароншавии он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе воридкунандагони маводи сӯзишворӣ болоравии нарх ба сӯзишвории дизелиро ба амалиёти ҳарбии Русия дар Украина марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, техникаи зиреҳпӯш, мошинҳои боркаши низомӣ ва дигар нақлиёти заминии ҳарбӣ асосан аз сӯзившории дизелӣ истифода мекунанд, зеро муҳаррикҳо бо ин сӯзишворӣ муддати тӯлонӣ кор карда, сӯзишвориро кам истеъмол мекунанд.
Болоравии талабот ба ҳама гуна маҳсулот бешак ба афзоиши автоматии арзиши он боис мегардад. Мо ҳеҷ гуна тасдиқи расмии ин фарзияи ширкатҳои таъмингарро пайдо карда натавонистем.
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Паймонкори қазияи ҳалокати муҳоҷирон дар чоҳи обрави Маскав ҳабси хонагӣ шуд
Ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ - қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста