Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 46,2 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми умумии воридот ба буҷет бо назардошти маблағҳои ҷалбнамудаи молиявӣ, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст ва маблағҳои махсуси мақомоти давлатӣ ба миқдори 102% иҷро шуда, 15,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 7,3 млрд сомонӣ, аз ҳисоби фаъолияти иқтисодӣ - 3,4 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 1,2 млрд сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Нақшаи буҷети Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ба андозаи 4,2% ва нақшаи буҷети минтақавӣ - 5% барзиёд иҷро шудааст. Ба буҷет мутаносибан 6,3 ва 3,8 млрд сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Хароҷот бо соҳаҳо дар ним сол тариқи зайл аст: 591,2 млн сомонӣ ба мақомоти идоракунӣ, 2,8 млрд сомонӣ - ба соҳаи маориф, 1,1 млрд сомонӣ - тандурустӣ, 813,9 млн сомонӣ - хароҷоти коммуналӣ, 465,8 млн сомонӣ - ба бахшҳои фарҳангу варзиш, 2,4 млн сомонӣ - сӯзившорӣ ва энергетика, 361,4 млн сомонӣ - бахши кишоварзӣ, 100 млн сомонӣ - сохтмон ва саноат, 925,1 млн сомонӣ - нақлиёт ва коммуникатсия.

Ҳамчунин вазир хабар дод, ки то 1 июли соли 2022 қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,7 млрд доллар расида, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 46,3%-ро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз ҳисоби буҷет ба қарздиҳандагони хориҷӣ дар маҷмӯъ 1,3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 926 млн сомони қарзи асосӣ ва 428 млн сомонӣ - фоизҳои он пардохт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.