Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 10 кони нави тилло ёфт шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, конҳои нав дар қисмати марказии Тоҷикистон ва ВМКБ ҷойгир буда, захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд.
“Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин дар масофаи умумии 52,5 километр 13 қитъаи тиллои рехта ошкор шуда, ба Вазорати молия ҷиҳати додани иҷоза ба аҳолӣ барои гирифтани он пешниҳод шуд”, - илова намуд Оймуҳаммадзода.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба ин корхона рост меояд.
Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тилло машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина», инчунин ширкати «Пакрут» мебошанд.
Соли гузашта ширкати ТВЕА-и Чин ба коркарди ду кони тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд шурӯъ кард.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста