Захираҳои тасдиқшудаи сурма дар Тоҷикистон тақрибан 600 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ва геологиву иктишофӣ конҳои нави сурма дар Тоҷикистон ошкор шуда метавонанд”, - гуфтанд дар Вазорати саноат.

Миқдори сурма дар қишри замин, аз рӯи маълумотҳои пешниҳодшуда, ҳамагӣ 0,2 мг/кг (0,2 миллиграмм ба 1 килограмм) мебошад.

Барои фаҳмидани чӣ қадар будани он мебояд зикр кард, ки миқдори миёнаи ҷаҳонии сурма дар қабати замин 1 мг/кг аст.

“Захираҳои нисбатан назарраси сурма дар конҳои маъдани Ҷиҷикрут ва Канчоч мавҷуданд”, - зикр карданд дар Вазорат.

Дар Вазорати саноат таъкид доштанд, ки дар заминаи захираҳои конҳои сурмаи Ҷиҷикрут имрӯз дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнии вилояти Суғд корхонаи муштараки “Анзоб”-и Тоҷикистону ИМА фаъолият дорад.

Зикр шуд, ки аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма (600 ҳазор тонна) Тоҷикистон дар қораи Осиё зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо истинод ба маводи ҶСК «ВНИИЗАРУБЕЖГЕОЛОГИЯ» (Пажуҳишгоҳи геологияи кишварҳои хориҷӣ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз лиҳози захираҳои кашфшудаи сурма ва истихроҷи он Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи дуюм ва миёни кишварҳои ИДМ - мақоми аввалро ишғол мекунад.

Дар ин ниҳод гуфтанд, “ҳамасола тавозуни давлатии канданиҳои фоиданок тартиб дода мешавад, лекин он танҳо барои истифодаи хидматӣ аст”.

Тибқи маълумоти Саридораи геология, дар кишвар 11 кони сурма омӯхта шудааст, ки 9-тоаш дар камарбанди симобу сурмаи Зарафшону Ҳисор ва 2-тои боқимонда дар қаламрави ҳалқаи маъдани Қаромазор дар вилояти Суғд ҷойгир аст.

Такя ба азхудкунӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани сурма

Дар мавриди ҳаҷми истихроҷ, коркард ва содироти сурма дар Вазорати саноат мегӯянд, “пайи миқдор нестанд ва ба рушду содирот, инчунин коркарди сурма то маҳсулоти ниҳоӣ, ки дар иқтисоди кишвар нақши калидӣ дошта метавонад, бештар таваҷҷҷуҳ зоҳир мекунанд”.

«Ҳамасола кӯшиш мекунем, ки ба тарзи оқилона истеҳсол ва истихроҷи ин нимаметаллро зиёд кунем, зеро талабот дар бозор сол ба сол меафзояд», - илорва намуданд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба ҳукумат дастур дод, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса диҳанд. Таъкид шуд, ки аз лиҳози захираҳои сурма Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол мекунад.

“Азхудкунӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сурмаро мо имрӯз бояд аз вазифаҳои асосии худ донем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), Тоҷикистон тӯли чандин сол аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Соли 2019 дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор тонна аз ин нимфулузот (нимаметалл) истеҳсол шуд. Нишондиҳандаи зиёдтар аз ин дар Русия (30 ҳазор тонна) ва Чин (100 ҳазор тонна) аст. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли сурма дар Русия тайи солҳои ахир дар як сатҳ боқӣ монда, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Дар муқоиса бо соли 2010 дар соли 2019 истихроҷи сурма дар Тоҷикистон ва ҳиссаи ҷумҳурӣ дар истеҳсолоти саротсарии ҷаҳон қариб 3 баробар афзуд.

Тобистони соли гузашта нашрияи амрикоии Defense News навишта буд, ки ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.

Муаллифони гузориш таъкид дошта буданд, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ), инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.

Мутахассисон бар ин назаранд, кии омехтаи сурма ва сурб сахтӣ ва мустаҳкамии механикии онҳоро зиёд мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.