Тарифи барқ барои ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) аз 1 январи соли ҷорӣ 15,67 дирамро ташкил медиҳад, хабар дод имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Ивайло Стоянов.

То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел - 11,80 дирам) пардохт мекард.

Ба гуфтаи Стоянов, шурӯъ аз 1 январ ТАЛКО барои неруи барқ бо тарифи ягона пардохт мекунад, ки тамоми сол амал хоҳад кард.

Боло бурдани тарифҳоро барои ин ширкат ӯ дар навбати аввал чунин маънидод кард, ки ба ин васила кумаки молиявӣ (субсидия)-и як истеъмолгар аз ҳисоби дигарон бартараф карда мешавад.

Ивайло Стоянов
Сурат: Asia-Plus

Гап сари он аст, ки тарифҳо барои ин ширкат тайи даҳсолаи ахир тағйир намеёфтанд, ҳарчанд барои дигар категорияҳои истеъмолгарон мунтазам зиёд карда мешуданд: то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан - ҳамасола.

Дуруст аст, ки давоми солҳои 2020-2021 бар асари оқибатҳои пандемияи COVID-19, арзиши неруи барқ барои ҳеҷ кадоме аз категорияҳои истеъмолгарон зиёд карда нашуд.

Тарифҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО, ахиран 1 октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат неруи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар санад зикр мешавад, ки агар истифодаи моҳонаи барқ бо мақсадҳои маишӣ аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд шавад, истеъмолгар барои ҳар як киловатти барзиёд тибқи тариф барои истеъмолгарони саноатӣ пардохт мекунад.

Тариф барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ айни замон 60,65 дирамро ташкил медиҳад.

Дигар категорияҳои истеъмолгарон барои истифодаи барқ бо тарифҳои зерин маблағ пардохт мекунанд:

- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 26,51 дирам (аз 22,66 дирами амалкунанда);

- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр - 9,2 дирам (пештар амалкунанда - 7,87 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март - 26,51 дирам (пештар амалкунанда - 22,66 дирам;

- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 9,2 дирам (пештар амалкунанда 7,87 дирам);

- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 12,6 дирам (пештар амалкунанда - 10,76 дирам);

- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр - 10,64 дирам (пешина - 9,68 дирам) ва аз 1 октябр то 30 апрел - 60,65 дирам (пешина - 55,14 дирам);

- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф - 45,51 дирам (пештар амалкунанда - 40,37 дирам).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.