Дар доираи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин рӯзи 22 август маросими имзои санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии асноди имзошуда зиёда аз 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, байни ҶСК «Азот»-и Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи «Азот» ба маблағи 50 млн доллар Созишномаи қолабӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин ҶДММ «Осиё Кемикал»-и Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин дар бораи сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон ба маблағи 300 млн доллар бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол Созишномаи қолабӣ имзо карданд.

Маблағи Ёддошти тафоҳуми имзошуда байни ҶДММ «Авесто Гуруҳ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомашина дар як сол 25 млн долларро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, байни ҶДММ «Мармарӣ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Чин ба маблағи 26 млн доллар дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.