Содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 200 ба андозаи 43,6% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Давоми моҳҳои январ-июл аз ҷумҳурӣ ба маблағи 767 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 592 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Коҳиши содирот дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо маънидод мешавад. Фурӯши ин маҳсулот аз 415 млн доллар дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 649 ҳазор доллар дар соли ҷорӣ кам шудааст.

Ҳамчунин коҳиши фурӯши фулузоти арзон ва маснуот аз он (алюминии аввалия ва маснуот аз он) аз 205 млн доллар то 172 млн доллар низ ба камшавии содирот аз ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ расонид.

Ғайр аз ин, фурӯши нахи пахта, ки яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, низ ба таври назаррас - аз 133 млн доллар то 80 млн доллар кам шуд.

Содироти маҳсулоти минералӣ (неруи барқ, семент, маъдану консентратҳо, ангишт ва ғайра) ба маблағи 138 млн доллар, маҳсулоти растанӣ (сабзавоту мева, полезиҳо ва ғайра) - 7 млн доллар коҳиш ёфт.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ Қазоқистон 22,6% (аз ҳаҷми умумии содироти мол), Чин - 20,9%, Туркия - 12,4%, Русия - 11,7% ва Ӯзбекистон - 11,2% дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба андозаи 16% - аз 2,8 млрд то ба 3,2 млрд доллар афзуд.

Молу маҳсулоти асосӣ дар сохтори воридоти кишвар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва ғайра) - 17,1%, мошину таҷҳизот - 13,7%, фулузоти арзон ва маснуот аз он - 10% зикр шудаанд.

Воридкунандагони асосии молу маҳсулот ба кишвар Русия (28,2% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (20,6%) ва Қазоқистон (14,7%) боқӣ мондаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳудуди 4 млрд долларро ташкил дод, ки 3,5% ё худ 146 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 111 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед