Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рӯзи 14 сентябр аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ боздид намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд.

Аз ҷумла дар ин толор намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.

Сарони давлатҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дарёфти роҳҳои нави истихроҷ ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро муҳим шумориданд.

1/10

Дар гӯшаи алоҳида захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба таври маҷозӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” тамошо карданд.

Дар ҳамин толор электробуси тамғаи “Акия Ултро”, ки истеҳсоли ширкати “Акия Авесто”-и Тоҷикистон мебошад, муаррифӣ карда шуд. Фаъолияти ин ширкат дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, самти он ба банду баст ва истеҳсоли автобус ва тролейбусҳои замонавӣ равона гардидааст.

Дар қисми дигари толор бо истифода аз оби табиӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”- солҳои 2018-2028” шаршара сохта шудааст.

1/10

Сипас сарони давлатҳо ва меҳмонон ба толори дигар гузашта, аз намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон боздиднамуданд.

Масоҳати умумии толори мазкур 1815 метри мураббаъро ташкил дода, дар гӯшаҳои алоҳида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли ин кишварҳо маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишӣ, таҷҳизоти инноватсионӣ, нассоҷӣ мошинсозӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро муаррифӣ карданд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни боздид аз гӯшаи кишвараш ба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Қазоқистон ба мардуми тоҷик тӯҳфа дод.

Ин як автобуси мактабӣ ва 3 маҷмӯи дастгоҳи VibroLUNG (он шушҳоро бо мавҷи виброакустикӣ табобат мекунад), хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

1/2

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе то 16 сентябр идома ёфта, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз ин намоишгоҳ озодона боздид кунанд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.