Қимати орд дар бозорҳои яклухтфурӯшии Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир 25-30 сомонӣ ва дар фурӯши чакана арзиши як халта орд то 50 сомонӣ боло рафтааст.

Як халта орд бо вазни 50 кило имрӯз дар фурӯшгоҳҳои яклухт дар Тоҷикистон вобаста ба навъ аз 270 то 320 сомонӣ нарх дорад.

Соли гузашта нархи як халта орди 50 килоӣ 360-380 сомониро ташкил медод. Аммо имсол нарх то 230 сомонӣ поин рафта, лекин аз моҳи сентябр нарх боз боло рафтан гирифт.

Истеҳсолкунандагон дар Тоҷикистон мегӯянд, ба болоравии нархи орд ягон муносибате надоранд.

Намояндагони ширкатҳое, ки ба бозори ҷумҳурӣ орд меоранд, омили аслии болоравии нархи орд дар кишварро ба қимат шудани гандум дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд.

Нархи 1 тонна гандум дар моҳи сентябри соли ҷорӣ 350 долларро ташкил дода, қаблан ба ҳудуди 260 доллар баробар буд.

Сабаби якбора боло рафтани қимати гандум дар Қазоқистон, ки тақрибан тамоми гандуму орд аз онҷо ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба шароити обу ҳаво марбут аст, зеро қисмате аз ҳосил нобуд шудааст. Ин истеҳсолкунандагони Қазоқистонро маҷбур кард, ки нархҳоро боло баранд.

Илова бар ин, ҳосили гандум дар ин кишвар аз ҷониби сайгакҳо ба таври назаррас нобуд карда шуд. Саршумори ин ҳайвонот, ки аз тарафи давлат муҳофизат карда мешаванд, ба 2 миллион сар расид.

Ба гуфтаи деҳқонони Қазоқистони Ғарбӣ, Актобе, Қустанай, Қарағанда ва Акмола, ҳайвонҳо ҳосилро поймол мекунанду мехӯранд, ки ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ зарари калон мерасонад.

Ҳеҷ сабабе барои ташвиш нест

Ба гуфтаи масъулон ва коршиносони сохторҳои амнияти озуқавории Тоҷикистон, ҳеҷ далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди каме боло рафтани нархҳо, дар Тоҷикистон камбуди гандум ва орд дар назар нест.

Тибқи омори гумрукии ҷумҳурӣ, дар 8 моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 163,4 млн доллар бо нархи миёнаи 274 доллар барои як тонна 596,3 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ аз имконоти худ низ истифода мекунад. Дар ҷумҳурӣ имсол ҷамъоварии 975 ҳазор тонна гандум ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 817,2 ҳазор тонна ҳосили гандум гирифта шудааст, 8,4% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Дар зарфи 8 моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 86,6 млн доллар бо нархи миёнаи 324 доллар барои як тонна 26,7 ҳазор тонна орд ворид шудааст.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 322,2 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки 4,7 фоиз зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.