Қурби рубли Русия нисбати пули миллии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳати гузашта то сатҳи даҳаи ахири моҳи феврали соли 2016 поин рафт.

Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, аз 110,1 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи ҷумъаи гузашта то 109,2 сомонӣ барои имрӯз поин рафт.

Ахиран ин ду асъор дар аввали даҳаи охири моҳи феврали соли 2016 дар чунин сатҳи таносуб қарор гирифта буданд.

Коҳиши қурби рубл нисбат ба сомонӣ ҳаҷми даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар қаламрави Русия машғули коранд, кам мекунад.

Агар як моҳ пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъор барои 1000 рубл 114 сомонӣ медоданд, акнун он то 109 сомонӣ кам шуд.

Бино ба маълумоти гуногун, ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумори чунин оилаҳо дар ҷумҳурӣ садҳо ҳазор нафар аст, ҳадди ақалл як узви 40%-и хонаводаҳои кишвар дар хориҷа кор мекунад.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,3 млн хонаводаҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Сурат: ТАСС

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2022 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маблағи рекордии 5,2 млрд доллар ба ватан фиристоданд, ки ба 49%-и ММД-и соли гузаштаи кишвар баробар аст.

Ҳудуди 90%-и ин интиқолҳо бо рубл ба ҷумҳурӣ ворид шуда, аз соли 2016 ба қабулкунандагон бо пули тоҷикӣ ва мубодилаи он дар замони гирифтан дода мешаванд.

Шаш сабаби заифшавии рубл

Дар ҳамин ҳол, Бонки марказии Русия аз рӯи натиҷаҳои савдо дар Биржаи Маскав қурби рублро нисбати доллар аз 99,7 рубли рӯзи пешин дар сатҳи 100,5 рубл муқаррар намуд.

Евро дар рӯзи охири савдои ҳафтаи гузашта қариб 106 рубл нарх дошт. Бонки Русия дар рӯзҳои истироҳат низ чунин қурбҳоро боқӣ гузошт.

Таҳлилгарони бахши молияи Русия ба МК.RU шаш омили калидии иқтисодиеро, ки ба заифшавии рубл таъсир мерасонанд, номбар кардаанд.

Аввал, барои асъори ватанӣ нархи нафт таъсири зиёди манфӣ расонид. Дар муддати семоҳаи сеюм арзиши баррели Brent болотар аз 90 доллар қарор дошт, лекин айни замон дар ҳудуди 84 доллар фурӯхта мешавад.

Дуюм, маълумоти тавозуни пардохт барои оянда эътимоднок нестанд: соли 2023 содирот коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол воридот босуръат барқарор шуд.    

Омили сеюми манфӣ таҳримҳо нисбат ба Русия мебошанд: ҳам аллакай ҷоришудаву ҳам маҳдудиятҳои ҳоло мавриди баррасӣ қарордошта таъсир мерасонанд. Ба гунаи мисол, Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардааст, ки дар бастаи 12-уми таҳримҳо маҳдудият дар муомилот бо алмос аз Русияро ҷорӣ мекунад.

Омили чорум - ба охир расидани давраи андоз ва номутаносибии байни талабот ва пешниҳод, ки дар бозори асъор ба ин далел ба вуҷуд омадааст. Нашрия тавзеҳ медиҳад, ки аз 25 то 28-уми ҳар моҳ содиркунандагон даромади асъори хориҷиро ба рубл табдил дода, андоз месупоранд: талабот ба пули миллӣ зиёд шуда, курби он мустаҳкам мешавад. Дар айни замон давраи андози қаблӣ ба охир расида, давраи нав ҳанӯз оғоз нашудааст.

Омили панҷуми поин рафтани қурби рубл амали ҳаннотони боқимондаи биржавӣ дар бозори Русия унвон мешавад.

Омили шашум ба ҷараёни қурби доллар бар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст: дар интизории болоравии меъёри Низоми федералии захиравӣ (ФРС-и ИМА) қурби доллар нисбат ба ҳамаи асъор мустаҳкам шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.