Қариб нисфи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, вале саҳми онҳо дар муқоиса бо мардон дар бахши соҳибкории хурд 3 баробар камтар аст. Яъне танҳо 35 дарсад ё аз се танҳо як соҳибкори хурд дар кишвар зан аст.

Соҳибкори хурд кист?

Дар Тоҷикистон се намуди соҳибкорӣ мавҷуд аст: хурд, миёна ва калон.

Тибқи қонунгузорӣ, ба соҳибории хурд соҳибкорони инфироде шомил мешаванд, ки даромади умумии онҳо дар як сол то 1 миллион сомонӣ аст.

Ин ба ин маъно аст, ки аҳолӣ соҳибкории хурдро барои пешбурди зиндагии худ ташкил мекунанд.

Чӣ қадар занон ба соҳибкорӣ машғуланд?

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло 35%-и соҳибкорони хурдро дар кишвар занон ташкил медиҳанд, ки ин дар муқоиса бо мардон қариб як баробар (65%) камтар аст.

Аз 256 ҳазору 610 соҳибкори инфиродии соли 2016, 58 ҳазору 162 нафарро занони соҳибкор ташкил медоданд, ки ин 22%-и теъдоди умумии соҳибкорони хурдро ташкил медод. Ин нишондод то соли 2018 афзоиш ёфт, аммо соли 2019 боз 2 ҳазор кам шуд. Соли 2020 бошад, якбора ҳудуди 10 ҳазор нафар афзоиш ёфта, ба беш аз 73 ҳазор нафар расид, ки 24%-и теъдоди умумии соҳибкоронро дар кишвар ташкил медод.

Ҳамин тариқ, ду соли баъдӣ, омори афзоиши занони соҳибкор муътадил аст ва соли 2023 он ба беш аз 89 ҳазор нафар расидааст, ки қариб 35%-и теъдоди умумии соҳибкорони хурдро дар кишвар ташкил медиҳад.

Вазъ дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Дар 6  соли охир вазъ дар минтақаҳои кишвар ба истиснои пойтахт тақрибан тағйир наёфтааст. Ба ғайр аз Душанбе дар дигар минтақаҳо давоми 6 сол танҳо як ё ду дарсад омори занони соҳибкор афзоиш ёфтаасту халос. Дар пойтахт бошад, якбора 6% афзоиш ёфта, аз 18% ба 24 % расидааст. 

Масалан, соли 2016 27%-и соҳибкоронро дар ВКМБ занон ташкил медоданд ва ин рақам дар соли 2021 ба 28% баробар шуд. Соли 2016 27%-и соҳибкорони Суғдро занон ташкил медоданд, соли 2021 ба 29% баробар шуд.

Бояд гуфт, ки дар афзоиши теъдоди занони соҳибкор ҳоло Суғд ва ВМКБ пешсафанд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Хатлон дар ҷои охир қарор доранд.

Кадом шакли фаъолият маъмултар аст?

Ҳиссаи занон миёни соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият мебаранд, аз соли 2017 то соли 2022  аз 21,35% то 27,42% афзоиш ёфтааст. Дар ин баробар, омори занҳое, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ба таври чашмрас кам гардидааст.

То нимсолаи аввали соли 2023 41 ҳазору 60 зан бо патент фаъолият мекунанд, ки нисбати соли гузашта (30484) 10 ҳазору 576 нафар зиёд мебошад.

Онҳое, ки тибқи патент фаъолият мекунанд, даромади умумии солонаашон набояд аз 200 ҳазор сомонӣ (18,9 ҳазор доллар) зиёд бошад. Чунин соҳибкорон ҳақ надоранд, ки коргар қабул кунад, аз хориҷа мол ворид ё содир намояд. Ин намуди фаъолият ба соҳибкории хурд дохил мешавад.

Cоли 2023 теъдоди занони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар кишвар 6 ҳазору 808 нафарро ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 онҳо қариб 39 ҳазор буданд. 

Дар маҷмӯъ, ҳиссаи занон – соҳибкороне, ки дар асоси шаҳодатнома кор мекунанд, давоми 7 соли охир  аз 39,63 фоиз то 17,46 фоиз, яъне қариб 2,3 маротиби коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2019 на танҳо теъдоди занони соҳибкоре, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, кам шуд, инчунин, теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмӯъ, ба таври рекордӣ поён ёфт. Теъдоди занони соҳибкор ҳам аз қариб 96 ҳазори соли 2018 якбора ба 61 ҳазор расид. Ҳамин тариқ, теъдоди заноне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 42 ҳазор ба 4 ҳазор поён омад.

Соли 2019 Оҷонсии омори кишвар аз қатъи фаъолияти наздики 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ хабар дод. 

Он замон, Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ надоштани саводи молиявӣ, мувофиқ набудани маҳсулот ба талаботи замон ва кӯҳна будани технологияро омилҳои асосии қатъи фаъолияти соҳибкорон арзёбӣ кард.

Вале коршиносон қатъи фаъолияти соҳибкоронро меъёрҳои баланди андоз, санҷишҳои зиёди беасоси мақомоти андоз, рақобатпазир набудани бозори худи соҳибкорон унвон карданд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2020 вазъ нисбатан беҳтар шуд ва теъдоди занони соҳибкоре, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ба 6,3 ҳазор нафар расид. 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёдшавии занони соҳибкор дар ин сол натиҷаи як фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ аст. Дар асоси фармони мазкур то 1 январи соли 2021 ҳама гуна санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ манъ шуд.

Бояд гуфт, ки соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома метавонанд бо даромади умумии солона то 1 миллион сомонӣ машғул шаванд. Чунин соҳибкор метавонад аз меҳнати кироя истифода барад, молро ворид ё содир кунад. 

Вазъи шакли фаъолият дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Дар минтақаҳо низ камшавии омори занони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва афзоиши теъдоди занҳое, ки бо патент кор мекунанд, мушоҳидла мешавад. Аз ҷумла, теъдоди занони соҳибкоре, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар ВМКБ бештар аз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2019 ба ҳисоби миёна ҳиссаи занони соҳибкори тариқи патнет фаъолияткунанда дар ВМКБ 26%-ро ташкил медод. Соли 2020 ин нишондиҳанда 35 %-ро ташкил дод.

Аз миёни минтақаҳо фоизи аз ҳама пастро шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доранд, ки дар соли 2019 ҳамагӣ 17%-и соҳибкорони патентдорро занон ташкил додаанд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020-2021 каме боло рафт ва ба 24% баробар гардид.

Ҳиссаи занони соҳибкори вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар ин солҳо қариб, ки баробар ҳастанд.

Дар муқоиса бо заноне, ки тариқи патент фаъолият мекунанд, теъдоди онҳое, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, сол аз сол коҳиш меёбад. Ин чиз дар минтақаҳо ҳам ба назар мерасад.

Масалан, ҳиссаи занони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар соли 2019 дар вилояти Суғд 14%, дар вилояти Хатлон 12%, дар ВМКБ 24%, НТҶ 13% ва дар шаҳри Душанбе 14%-ро ташкил медиҳад. 

Аз рӯи фоиз боз ҳам ВМКБ миёни минтақаҳои кишвар занони тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда зиёд дорад. Аз ҷумла, дар соли 2020 дар умум ҳиссаи занон ба 18% баробар шуд, ки боз ҳам ВМКБ пешсаф (28%) ва вилояти Хатлон ҳиссаи аз ҳама паст, (17%) - ро ташкил медиҳад. Вилояти Суғд, НТҶ ва шаҳри Душанбе ҳиссаи баробар (18%) доранд. 

Вале дар соли 2021 ҳиссаи занон дар вилояти Хатлон боз ҳам камтар, ба 16% баробар мешавад. ВМКБ дар ин самт аз 28% ба 27% ва дигар минтақаҳо низ 17%-ро ташкил медиҳанд. 

Тибқи як пажӯҳише, ки аз ҷониби гурӯҳи кории “Дастрасӣ ба молия”, ки дар чаҳорчӯбаи Шабакаи тавонмандсозии иқтисодии занон ва коҳиши хушунати гендерӣ бо дастгирии барномаи WAGE (Занҳо ва духтарон тавонманд аст) анҷом шудааст, омилҳои кам будани теъдоди занон дар тиҷорати калонро - стереотипҳо, нобаробарии гендерӣ, набудани дастрасии баробар ба маблағгузорӣ арзёбӣ намудаанд. 

Мушкилиҳои занони соҳибкор

Яке аз омилҳои аслии камфаъолии занонро дар соҳибкорӣ мутахассисон дар низоми мураккаби бонкӣ, аз ҷумла фоизҳои баланди бонкҳои қарздиҳанда ва фароҳам набудани шароити кофии молӣ арзёбӣ мекунанд. 

Манзура Барзудиева, сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ки занони соҳибкор имрӯз бештар бо мушкилии гирифтани қарзҳои имтиёзнок рӯ ба рӯ мешаванд.

“Агар занҳо қарз гирифтанӣ шаванд, надоштани гарав яке аз монеаҳо барои онҳо ба шумор меравад. Чун худи онҳо соҳибмулк нестанд”,-гуфт ӯ. 

Ин масъули давлатӣ афзуд, надоштани маълумоти кофӣ оид ба гирифтани қарз яке аз мушкилиҳои дигари занони соҳибкор ба шумор меравад.  

Мақомот чӣ тадбирҳо меандешад?

Мақомоти кишвар ҳамеша таъкид мекунад, ки дастгирии соҳибкории занон яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад. 

Айни ҳол барои афзалияти соҳибкории занон дар кишвар Барномаи миллии рушди соҳибкории занон барои солҳои 2023-2030 амалӣ мегардад, ки яке аз ҳадафҳои асосии барномаро мақомот фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ барои занони соҳибкор арзёбӣ мекунанд. 

Ахиран, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи грантҳои президентии ҶТ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” зиёда аз 80 гранти пешниҳодгардидаи занони соҳибкор аз минтақаҳои кишвар дастгирӣ ёфтааст.  

Манзура Барзудиева мегӯяд, ки дар доираи ин барнома барои занони соҳибкор, махсусан  дар самти қарзҳои имтиёзнок субукиҳо пешбинӣ гардидааст. 

“Айни замон барнома дар мувофиқа бо тамоми ниҳодҳои дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар доираи ин барнома, гирифтани қарзҳои имтиёзнок бо фоизи паст барои занони соҳибкор равона гардидааст ва он дар ҳолати коркард қарор дорад”,-гуфт ӯ.

Коршиносон чӣ пешниҳодҳо доранд?

Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Ассотсиасияи миллии занони соҳибкори кишвар, мегӯяд барои рушди соҳибкории занон дар кишвар бояд пеш аз ҳама ташкилотҳои қарзӣ барои занони соҳибкор қарзҳоро бидуни гарав пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи ин коршинос, ташкилотҳои қарзӣ бояд ба занон афзалиятҳои бештар диҳанд ва қаблан шароити молиявии онҳоро омӯзанд. 

“Барои он ки ташкилотҳои қарзӣ бештар занонро маблағгузорӣ кунанд, онҳо бояд эҳтиёҷоти молиявии занонро омӯзанд, маҳсулоти қарзие, ки ба талаботи онҳо ҷавобгӯ бошад, пешниҳод кунанд, шаклҳои инноватсионии таҳлили қарзро ҷорӣ кунанд ва муҳимтар аз ҳама, аз талаби гарав даст кашанд”, - иброз медорад Маҳкамова.

Инчунин, ӯ пешниҳод менамояд, ки ташкилотҳои қарзӣ миёни занони соҳибкор тренингҳо гузаронанд ва дар ин тренингҳо ба онҳо саводнокии молиявию рақамӣ, тарзи дурусти роҳбарӣ ва идоракунии тиҷоратро омӯзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.