Ҳукумати Олмон барои сохтмони Неругоҳи барқии обии “Себзор” 10 млн еврои дигар медиҳад, хабар дод, дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Шартномаи иловагии маблағгузорӣ рӯзи 12-уми декабри соли равон байни Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Вероника Гарсия дел Арко, директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Андреас Шнайдер, роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Амрихон Раимов, директори генералии ширкати “Помир Энерҷӣ” ба имзо расид.

Интизор меравад, ки нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт баъди ба истифода дода шуданаш беш аз 227 ҳазор нафар аҳолии ВМКБ ва 468 ҳазор сокини ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистонро бо нерӯи сабз таъмин хоҳад кард.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шарҳи имзои шартнома гуфтааст, ки то имрӯз бо дастгирии ҳукумати  кишвар ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ, 84 млн. доллар грант ҷалб карда шудааст.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Тоҷикистон барои стандартҳои баланди рушди устувор шаҳодатномаи тиллоиро гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.