Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Русия тавофуқ кардаанд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба содироти гулмоҳиро аз Тоҷикистон ба Русия ва тухмии офтобпарасту лаблабуи қандро аз Русия ба Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Тавофуқи мазкур зимни мулоқоти Қурбон Ҳакимзода ва Дмитрий Патрушев, вазирони кишоварзии ду кишвар дар шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст.

Дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, “Харитаи роҳ”-и тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расидааст.

“Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Русия изҳори омодагӣ намуданд”, - гуфтааст Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Инчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду давлат ба мувофиқа расиданд.

Тавофуқи содироти гулмоҳӣ аз Тоҷикистон ба Русия  дар ҳоле садо медиҳад, ки бахши моҳипарварӣ дар кишвар ба тақвият эҳтиёҷ дорад ва бахше аз бозори дохилӣ бо моҳии воридотӣ таъмин карда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 дар кишвар 4 ҳазору 538,8 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 454,1 тоннаи он гулмоҳӣ мебошад.

Ба таъкиди коршиносон, эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ба моҳӣ дар як сол тибқи меъёри давлатӣ беш аз 86 ҳазор тонна ва тибқи меъёри ҷаҳонӣ 160 ҳазор тонна мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.