Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзии низомсози ҷумҳурӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.

Ба рӯйхат мисли солҳои пешин ташкилотҳои қарзии зерин дохил шуданд:

- КВД БА ҶТ «Амонатбонк» (бо меъёри ҷамъбастии 22,87);

- ҶСК «Ориёнбонк» (18,63);

- ҶСК «Бонки Эсхата» (14,76).

Дуруст аст, ки ду бонки аввал тайи соли ахир баъзе аз мавқеъашонро аз даст доданд: меъёри ҷамъбастии “Амонатбонк” дар муқоиса бо соли пешин 1,40  ва “Ориёнбонк” - 1,43 банди фоизӣ кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, “Бонки Эсхата” баръакс, каме мавқеъашро беҳтар карда, меъёри фоизиаш ба андозаи 0,37 банди фоизӣ зиёд шуд.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон ба истилоҳ ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсозро низ муайян кард. Солҳои ахир дар ин мавқеъ бетағйир ҶСП ТҚХ “Имон Интернешнл” қарор дошт. Аммо акнун ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба ин мавқеъ соҳиб шуд.

Мувофиқи шарҳу тавзеҳи БМТ, ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз ташкилоте мебошад, ки аз рӯи натиҷаҳои баргузории арзёбии навбатӣ низомсоз эътироф карда мешавад”.

Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки ташкилоти қарзии низомсоз ташкилоти қарзие мебошад, ки ба фаъолияти босуботи он устувории ҳамаи низоми молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар вобаста аст.

“Мувофиқи методологияи Кумитаи назорати бонкии Базел, ҳар қадаре, ки ташкилоти қарзӣ бузург бошад, ҳамон қадар хавфи он ба устувориии низоми молиявӣ ва иқтисоди кишвар  ҳангоми муфлисшавӣ зиёдтар мешавад”, - гуфта мешавад дар замима ба қарори Бонки миллӣ.

Барои муайян кардани ташкилотҳои қарзии низомсоз нишондиҳандаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

- Андозаи ташкилоти қарзӣ;

- Робитаи мутақобилаи он бо дигар ташкилотҳои қарзиву молиявӣ;

- Ивазшавандагии мутақобилаи ташкилотҳои қарзӣ,

 - Маҷмӯият (мураккабӣ) дар баргузории амалиёти бонкӣ.

Бино ба маълумоти БМТ, рӯйхати ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ аз 15 бонк, 19 ташкилоти амаонатии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд, 26 фондҳои қарзии хурд ва 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки 34 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.