Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар бораи ҳосили рекордии маҳсулоти кишоварзӣ ҳарф зада, ҳамзамон сабаби ҳамоно гарон боқӣ монданӣ нархи онҳо дар бозорҳои кишварро шарҳ дод.

Вазири кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 63 миллиарду 28 миллиону 400 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Ин нисбат ба соли 2022-юм 109 дарсад зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, дар соли 2023 истеҳсоли картошка 4,6 дарсад, сабзавот 11,5 дарсад, полизӣ 19,9 дарсад, мева 129,7 дарсад, гӯшт 14,5 дарсад (аз ҷумла гӯшти паранда 14,0 дарсад), шир 5,1 дарсад, тухм 1,0 дарсад, пашм 4,5 дарсад, асал 2,9 дарсад ва моҳӣ 14,9 дарсад зиёд гардидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон аз гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар шикоят мекунанд. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ дар посух ба суоли рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, “деҳқон арзон мефурӯшад ва агар нархи дар сари замин мефурӯхтаи деҳқононро бинем, қиммат тақрибан тағйир наёфтааст”.

Ба гуфтаи ӯ, нархи 1 кг сабзӣ дар сари замин 1 сомонӣ, пиёз 1 сомониву 50 дирам, картошка 3,5 сомонӣ аст. Дар бозор бошад, нархи 1 кг сабзӣ 1,8 - 2 сомонӣ, пиёз 2,2 - 2,3 сомонӣ ва картошка 4,5 - 5 сомонӣ аст.

Қурбон Ҳакимзода мушаххасан нагуфт, ки бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсол, чаро ҳамоно нархи маҳсулот дар бозор гарон аст, вале зикк кард, “агар ба нархи 1 кг пиёзу сабзиву кардошка дар сари замин нигарем, қимати баланде дониста намешавад”.

“Нархи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва қувваи меҳнат дар ин масъала нақши асосӣ мебозад. Бо назардошти инҳо агар ба арзиши аслии маҳсулоте, ки деҳқонон дар сари замин онро мефурӯшанд, нигарем, қиммат дониста намешавад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Ба иттилои вазир, нишондиҳандаҳои истеҳсол қариб дар ҳама навъҳои маҳсулот афзуда, аз пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2025 зиёд шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.