Муҳлати қабул ва пардохти саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушод (ҶСШК)-и барҳамдодашудаи “Сангтӯда” то охири соли равон дароз карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз БДА ҶТ “Амонатонк”.
Дар бонк зикр карданд, ки то аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 2,4 млн сомонӣ ҷунин коғазҳои қиматнок қабул ва пардохт шудаанд.
“Ҷараёни хариди саҳмияҳо идома дорад ва дорандагони саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда” метавонанд ба филиали наздиктарини “Амонатбонк” муроҷиат кунанд”, - илова карданд дар ин муассисаи қарзии мазкур.
Ёдрас мекунем, ки бозхариди саҳмияҳои ҷамъияти барҳамдодашудаи “Сангтӯда” бар асоси қарори ҳукумати кишвар аз 29 декабри соли 2018 амалӣ мешавад.
Бозхариди саҳмияҳои ин Ҷамъият 13 майи соли 2019 оғоз гардид. Муҳлати он аввал то охири соли 2021 муқаррар шуда, минбаъд ҳамасола муҳлати он дароз карда мешуд.
Қаблан зикр гардида буд, ки саҳмияҳо дар филиалҳои “Амонатбонк” қабул шуда, барои 1 аксия 10 доллар пардохт мешавад. Пул бо асъори миллӣ ва мубодилаи он бо қурби ҳамон рӯз дода мешавад.
Бо ин мақсад аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 10 млн сомонӣ ҷудо шудааст.
ҶСШК “Сангтӯда” аз ҷониби ҳукумат соли 1996 таъсис дода шуд. Ҳамон сол ду барориши саҳмияҳои ин ҷамъият сурат гирифт. Нархи як саҳмия дар замони барориш ба 3 ҳазор рубли тоҷикӣ (10 доллар) баробар буд.
Пулҳои аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда дар суратҳисоби махсуси “Амонатбонк” минбаъд барои амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба сохтмони “НБО Сангтӯда-1” ба сифати саҳми ҳукумати Тоҷикистон равона гардиданд.
Ба дорандагони саҳмияҳо пас аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали “НБО Сангтӯда-1” фоида аз саҳмияҳо (дивидендҳо) ваъда карда буданд. Лекин ба дорандагони чунин коғазҳои қиматбаҳо фоида пардохт нашуд.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста