Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи дурӯза дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли 2021, ки дар он аз ҳарду ҷониби даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафари дигар захмӣ шуданд, муносибат байни давлатҳо хеле бад шуд.

Ҳанӯз замони амалиёти мусаллаҳона Қирғизистон изҳор намуд, ки то ҳалли ниҳоии аломатгузорӣ сарҳадро мебандад.

Бо вуҷуди тайи соли ахир қариб то ҳалли ниҳоӣ расидани масъалаи муайян кардани сарҳад, он баста боқӣ мемонад.

“Азия-Плюс” таъсири баста шудани сарҳад ба равобити иқтисодии ду кишварро таҳлил кард.

Гардиши молу маҳсулот

Таҳлили маълумот аз соли 2018 то соли 2022 нишон медиҳад, ки ҳаҷми гардиши моли дуҷониба зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст: аз 49,6 млн доллар дар соли 2018 то 15 млн доллар дар соли 2022.

Ба ин тариқ, ҳаҷми содирот қариб 10 баробар ва воридот 4 баробар кам шудааст.

Тайи панҷ соли охир аз Тоҷикистон асосан нахи пахта, семент, нерӯи барқ, маснуоти алюминий ва меваву донагӣ содир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Қирғизистон ба кишвари мо маҳсулоти нафтӣ, шиша, ангиштсанг ва брикет, инчунин семент ворид карда шудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки захираҳои қобили мулоҳизаи нафту газ надоранд ва бо сохтори монанди иқтисодӣ дар як сатҳ рушд мекунанд, асосан ашёи хом содир карда, маҳсулоти тайёр ворид мекунанд. Ҳанӯз қабл аз буҳрони марзӣ равобити тиҷоратии онҳо маҳдуд буд, дар ҳоле ки қочоқ, ба гуфтаи коршиносон, дар сатҳи хеле баланд қарор дошт.
Натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар соли 2022. Деҳаи Интернатсионал дар вилояти Ботканди Қирғизистон

Хадамоти тиҷоратӣ

Дар давраи зикршуда, сарфи назар аз калавишҳо, хадамоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон начандон зиёд - 10% афзоиш ёфтааст. Хидматрасониҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон 50% афзуда, дар соли 2022 ба 2,4 млн доллар расидааст, дар ҳоле ки хидматрасониҳо аз ҷониби Тоҷикистон 27% коҳиш ёфта, 1,1 млн долларро ташкил додааст.

Коҳиши махсусан назаррас дар соли 2020 ба қайд гирифта шуд, ки эҳтимол таъсири пандемияи COVID-19 бошад.

Дар таркиби хадамоти ироакардаи Тоҷикистон ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, алоқаи телефонии байнишаҳрӣ, хадамоти меҳмонхонаҳо, алоқаи барқӣ ва ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан бартарӣ дорад.

Қирғизистон дар навбати худ ба Тоҷикистон хадамоти нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, алоқаи телефонии байнишаҳрӣ, идораи ҳаракати ҳавоӣ ва хидматрасонии ёрирасон дар нақлиёти ҳавоиро фароҳам овардааст.

Сармоягузориҳо

Сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон аз Қирғизистон аз соли 2018 то соли 2022 тадриҷан афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии он ба 9,7 млн доллар (беш аз 40 маротиба) расидааст, афзоиши назарраси он бахусус дар соли 2021 ба қайд гирифта шудааст.

Қисми асосии сармоягузорӣ (7,2 млн доллар) ба категорияи "Дигар сармоягузориҳо" рост меояд, ки қарзу грантҳоро дар бар мегирад.

Сармоягузории Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон низ афзоиши устуворро нишон дода, аз 1,3 млн доллар дар соли 2018 то 2,2 млн доллар дар соли 2021 зиёд шудааст (маълумот барои соли 2022 дастрас нест).

Таҳлили “Азия Плюс” тағйироти ҷиддиро дар равобити тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаҳо дар сарҳад ва баста шудани марзҳо нишон дод.

Коҳиши якбораи гардиши мол, бахусус дар бахшҳои асосии содироту воридот, гувоҳи таъсири манфии ин таҳаввулот ба равобити иқтисодии дуҷониба аст.

Аммо афзоиши муътадили мушоҳидашуда дар бахшҳои савдо, хидматрасонӣ ва сармоягузорӣ аз имконоти мавҷуда барои барқарор ва таҳкими равобити иқтисодӣ байни кишварҳо дар сурати ҳалли масъалаи сарҳадӣ ва барқарории ҳамкориҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.